Ноябр 14, 2021 13:47 Asia/Dushanbe
  • Воксани эронии «Розӣ Ковпорс» 9 то 12 моҳ эминзоӣ дорад

Мудири таҳқиқот ва тавсияи муасисаи таҳқиқоти воксан ва капелнитсасозии Розии Эрон гуфт: баррасиҳо нишон медиҳад мудати эминизоии воксани коронаи «Розӣ Ковпорс» байни 9 то 12 моҳ аст.

Ризо Баниҳошим афзуд, воксани коронаи «Розӣ Ковпорс» аз воксанҳое аст, ки ба иллати фаъол кардани системаи эминии ҳуҷайра посухи эминии дарозмудат эҷод мекунад.

Ӯ бо баёни инки дози истиншоқи «Розӣ Ковпорс» мунофизи биниро эминӣ мекунад ва бо ин кор ҳудуди 6 моҳ ҷилави интишори вируси корона гирифта мешавад, тасриҳ кард: воксани «Розӣ Ковпорс» ба илати "навтаркиб"  будан аз аворизӣ камтар бархӯрдор аст.

Вай бо баёни ин ки аввалин воксани тазриқӣ- истиншоқии корона дар дунё тавасути муассисаи Розӣ тавлид шудааст, гуфт: ҳамакунун 6 ширкат дар дунё машғули фаъолият рӯи дози истиншоқи воксани корона ҳастанд.

Воксани «Розӣ Ковпорс» нахустин воксани тазриқӣ- истиншоқи протоини "навтаркиби" корона аст, ки мутобиқ бо дастуруламали Созмони ҷаҳони беҳдошт ва сахтарин пратаколҳои дохилӣ дар ҳоли сохт аст, ин муассисаи бо ҳудуди 100 сол собиқа дар тавлиди воксан аз соли гузашта вориди арсаи тавлиди воксани корона шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп