Ноябр 24, 2021 15:42 Asia/Dushanbe
  • Муовини муассисаи «Роберт Кох»-и Олмон: Эрон ва Олмони тавони болои худро дар мудирияти буҳрони корона нишон доданд

Муовини муассисаи «Роберт Кох»-и Олмон гуфт, Эрон ва Олмон дар теъдоди ҷамъият, маҷмӯи мубталоён ба корона ва қурбониёни ин беморӣ бо ҳамдигар шабоҳатҳои зиёде доранд.

Андреас Янсен, муовини муассисаи «Роберт Кох»-и Олмон дар ҳошияи дидор бо Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар Теҳрон афзуд: Марти 2021 ба ҳамроҳи намояндагони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар сафар ба Эрон шоҳиди талошҳои бисёр зиёди кадри дармонии Эрон барои контроли корона шуда буд ва ин ҳаракати мусбате дар ҷиҳати поён додан ба пандемияи корона аст.

Янсен гуфт, сохти воксанҳои зиёди корона тавассути Эрон ва тазриқи густардаи воксан, як муваффақияти бисёр бузург аст ва хеле аз афрод ва маҷомеи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои Эрон дар ваксинатсия эътироф кардаанд.

Муовини муассисаи «Роберт Кох»-и Олмон таъкид кард, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва раиси ин созмон бар тавзеи одилонаву дастрасии ҳамагонӣ дар дунё ба воксанҳои корона таъкид доранд.

Мудирони муассисаи «Роберт Кох»-и Олмон ва сафири Олмон дар Теҳрон бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба табодули назар карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп