Январ 14, 2022 17:02 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Теҳрон барои тавсеаи равобит бо Душанбе ҳеҷ маҳдудияте надорад

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ду кишвар ҳеч маҳдудияте барои густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф надоранд.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар паёме ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон бо баёни ин ки равобити ду кишвар мубтанӣ бар пайвандҳои куҳан ва гусастнопазири фарҳангӣ, динӣ, тамаддунӣ, таърихӣ ва забонӣ аст, ин муносибати фархундаро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт.

Собирӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора аз сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳимоят ва барои таҳаққуқи он мушорикати фаъол ва нақши муҳим ва мумтозе доштааст, афзуд: Эрон барои поён бахшидан ба даргириҳои дохилӣ дар ин кишвар пешқадам шудаву чандин давр аз музокироти сулҳи тоҷикҳоро мизбонӣ кардааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳову тавсеа ва шукуфоии Тоҷикистон доштааст, таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон барои тавсеаи равобиту ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч маҳдудияте надорад.

 

Барчасп