Январ 14, 2022 17:33 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Таҳриму таҳдид монеи пешрафт нест

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, ки таҳриму таҳдид монеи пешрафти Эрон нахоҳад шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дуюмин рӯз аз сафар ба Ҳурмузгон (ҷануби Эрон), дар боздид аз намоишгоҳи дастовардҳову тавонмандиҳои Неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар минтақаи якуми дарёӣ, бо таъкид бар ин ки ҳаҷми маҳдудияту таҳримҳои низомӣ ва ҳастаӣ дар ҳеҷ санъати дигаре вуҷуд надорад, гуфт: Бо вуҷуди ин таҳримҳо бештарин пешрафтро дар ин ҳавза доштаем ва то вақте ин рӯҳияи инқилобӣ ва басиҷӣ бошад, душман ҳеҷ коре наметавонад анҷом диҳад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, имрӯз мардум хаёлашон аз амнияти кишвар дар бахшҳои мухталиф осуда аст, зеро ҳеҷ ҳаракате аз чашми диловарони Неруҳои мусаллаҳ пӯшида нест.

 

Барчасп