Июн 01, 2022 19:29 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи давлати Эрон: Мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон чоруним баробар афзоиш ёфта аст
    Сухангӯи давлати Эрон: Мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон чоруним баробар афзоиш ёфта аст

Сухангӯи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон ба чоруним баробар афзоиш ёфта аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳафта барои дидор ва ройзани бо мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Теҳрон шуд.

Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ дар дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: Таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои даруни силоҳи таҳримро аз кор меандозад.

Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлат имрӯз чоршанбе дар гуфтугӯи ихтисоси бо хабаргузорони Эрон Пресс гуфт: Баъд аз сафари Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар ин муддати кутоҳ ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии байни Эрон ва Тоҷикистон беш аз чоруним баробар шуда аст.

Сухангӯи давлат дар мавриди аҳамияти сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон низ гуфт: Афзоиши ин ҳаҷм аз мубодилот ва содирот дар натиҷаи наздикии ду кишвар ва иштирокоти фарҳангӣ, забонӣ ва тамадуни аст, ки аз он метавон ба дурустӣ баҳра бурд.

Ҷаҳрумӣ хотирнишон кард ки 17 тафоҳумнома дар ин сафар анҷом шуд, ки метавонад гоми бузург дар такмил ва истиморори сиёсати давлат бошад, ки шоҳиди асарҳои мусбати он низ дар ҳамин муддати кутоҳ будем.

Сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон дар натиҷа ва ростои сиёсатҳои давлати сездаҳум барои тавсеаи ҳамкориҳои минтақави ба вижа бо ҳамсоягон аст.

 

Барчасп