Июн 11, 2022 19:56 Asia/Dushanbe
  • Ҷебелӣ: Нигоҳи расонаи миллӣ ҳувиятмеҳварӣ ва адолатгустари аст
    Ҷебелӣ: Нигоҳи расонаи миллӣ ҳувиятмеҳварӣ ва адолатгустари аст

Паймони Ҷебелӣ, раиси созмони Садо ва Симо дар боздид аз Садо ва Симои Хуросони Разавӣ ва радиоҳои бурунмарзии ин марказ гуфт: Ҳадафи аслии мо ҳувиятмеҳварӣ ва адолатгустари аст ва ҳамаи коркунони устонӣ бояд дар таҳақуқи ин ормон талош кунанд.

Раиси расонаи миллӣ афзуд талоши шабонарӯзии мутолибаи Раҳбари муаззами инқилоб аз ин ҷониб ва ҳамкоронам барои беҳбӯдии вазъияти мардум ва афзоиши ҷойгоҳи расонаи миллӣ буда аст.

Доктор Ҷебелӣ аз мудирон ва барномасозон хост бо диққату суръат нисбат ба шинохт ва муъаррифии мазиятҳои нисби ва вижагиҳои муфид ва муассири мавҷуд дар устонҳо ба мардуми Эрон ва ҷаҳон иқдом кунанд.

Раиси расонаи миллӣ ба ҳангоми боздид аз радиои тоҷикӣ дар ҷараёни иқдомоти ин радио барои беҳбӯдии равобити дукишвари дуст ва ҳамзабон ва ҳамфарҳангӣ Эрон ва Тоҷикистон қарор гирифт.

Вай зимни қадрдонӣ аз талошҳои коркунони эронӣ ва тоҷикистонӣ дар радиои тоҷикии Садои Хуросон, изҳори умедвори кард то бозгушоии дафтарҳои хабарии ин радио дар Тоҷикистон иттилоърасонии беҳтар аз воқеъаҳои муҳим дар Тоҷикистон барои ин расона мухобира гардад то мардуми Эрон ва Тоҷикистон дар ҷараёни муҳимтарин руйдодҳои кишвари дусту бародари Тоҷикистон қарор гиранд. Рисолати аслии радиоҳои бурунмазрӣ интиқоли паёми Исломи ноби Муҳаммадӣ ва дар ҷаҳати тақвияти равобити Эрон бо кишварҳои минтақа аст, ки дар ин замина радиои тоҷикӣ дар ҷазби мухотаб ва интиқоли дақиқ ва сареъи паём бисёр муваффақ амал карда аст.

Вай ёдовар шуд: Хушбахтона радиои тоҷикӣ бо вуҷуди камбудҳои мавҷуд тавонист дар назарсанҷи аз мардуми Тоҷикистон рутбаи дуввумро дар байни даҳҳо радиои мавҷӯд дар Тоҷикистон касб кунад ва ин радио бо фосилаи маънодор аз радиои Би Би Си ҷойгоҳи худро дар байни мардуми кишвари Тоҷикистон афзоиш дода аст.

Доктор Ҷебелӣ гуфт: Радиоҳои тоҷикӣ ва дарӣ аз ҷумлаи радиоҳои асаргузор ва бисёр муҳими Созмони Садо ва Симо ҳастанд.

Дар идома Муҳсини Насирпур, мудири кулли Садо ва Симои Хуросони Разавӣ бар тақвияти имконоти ками ва кайфии радиоҳои бурунмарзии ин устон таъкид карду гуфт: Талоши ин марказ бар ҳалли мушкилот ва рафъи монеъаҳои эҳтимоли дар масири тавсеаи ками ва кайфии тавлидоти радиоҳои бурунмарзии устон аст.

Мухтори Фарзодӣ, мудири радиои тоҷикии Садои Хуросон низ зимни қадрдонӣ аз таваҷҷуҳи раиси расонаи миллӣ ба радиои тоҷикӣ ва наҳваи амалкарди ин радио дар беҳбӯди равобити дукишвари Эрон ва Тоҷикистон дар як даҳҳаи гузашта гуфт: Тамоми талоши ҳамкорони эронӣ ва тоҷикистонӣ дар ин радио пушиши ахбори дурӯст ва муфид ва муассир аз ҳодисаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии ду кишвар аст то мардуми форсзабон дар Эрон ва Тоҷикистон дар аввали вақт дар ҷараёни руйдодҳои марбута қарор бигиранд.

Вай зимни бо аҳамият шуморидани бозгушоии дафтарҳои хабарии ин радио дар Тоҷикистон изҳори умедвори кард то бо имконоти созмонӣ ва давлатӣ ин амр ҳарчи зудтар муҳақақ гардад.

 

Барчасп