Июн 19, 2022 17:47 Asia/Dushanbe

Дар ҳузури сарони Эрон ва Қазоқистон 9 санади ҳамкори ва ёдошти тафоҳум ба имзои вазирон, раисони вилоятҳо ва масъулони марбутаи ду кишвар расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ дар ҳузури доктор Сайид Иброҳими Раисӣ ва Қосим Жормат Токаев, ки субҳи имрӯз якшанбе дар сарварии як ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд 9 санади ҳамкори ва ёдошти тафоҳумнома миёни Эрон ва Қазоқистон ба имзо расид.

Ҳамчунин дар ибтидои маросим имзои санади ҳамкории ду кишвар доктор Раисӣ ва Токаев баёнияи муштараки ду кишварро низ имзо карданд. Ёдошти тафоҳумнома миёни маркази мутолеъоти сиёсии Вазорати хориҷа ва муассисаи таҳқиқоти сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон, барномаи мубодилоти фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ Эрон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон, ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори дар заминаи мутолеъоти таҳлили ва табодули таҷрубиёт миёни Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорат ва Вазорати тиҷорат ва ҳамгароӣ Қазоқистон, ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори дар хусуси афзоиши тиҷорати ду ҷониба миёни Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорат ва Вазорати тиҷорат ва ҳамгароӣ Қазоқистон, ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори байни Вазорати ҷиҳоди кишварзии Эрон ва Вазорати кишоварзии Қазоқистон дар заминаи кишоварзӣ, ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори байни Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон ва Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати саноат ва тавсеаи зерсохти Қазоқистон дар заминаи тиҷорат ва транзити маҳсулоти кишоварзӣ, ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори байни Садо ва Симои Эрон ва Ожонси давлатии хабарии Қазоқистон, ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори ширкати миллии нефти Эрон бо ширкати газмунои гази Қазоқистон, ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори миёни роҳи оҳани Эрон ва ширкати саҳомии роҳи оҳани миллӣ Қазоқистон, санадҳое буд, ки дар ҳузури сарони Эрон ва Қазоқистон ба имзои вазирон, раисони вилоятҳо ва масъулини марбутаи ду кишвар расид.

 

Барчасп