Июн 21, 2022 13:45 Asia/Dushanbe
  • Ваҳиди дар бахши дигар аз паёмҳои худ ба нақши мухариби Амрико дар густариши бӯҳрони паноҳҷӯён дар Ғарбӣ Осиё ба вижа Афғонистон ишора кард
    Ваҳиди дар бахши дигар аз паёмҳои худ ба нақши мухариби Амрико дар густариши бӯҳрони паноҳҷӯён дар Ғарбӣ Осиё ба вижа Афғонистон ишора кард

Аҳмади Ваҳиди вазири кишвари Эрон дар паёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳҷӯён таъкид кард, ин рӯз фурсате барои таомул ба хостаҳо, ниёзҳо ва дағдағаҳои ҷамъияте бепаноии аст, ки аз тарси ҷанг, даргирӣ ва ноамнӣ аз хона ва кошонаҳояшон овора шуда ва барои ҳифзи ибтидоитарин ниёзи башари яъне амният аз ватани аслиашон ба сарзамини дигар паноҳ ҷустаанд.

Ваҳиди дар бахши дигар аз паёмҳои худ ба нақши мухариби Амрико дар густариши бӯҳрони паноҳҷӯён дар Ғарбӣ Осиё ба вижа Афғонистон ишора кард.

Ваҳиди гуфт: Ишғол ва ҳузӯри низомии режими Амрико дар бархе кишварҳо, омили аслии бесуботӣ ва оворагии хели азиме аз мардуми минтақа будааст ва дар таҳаввулоти як соли гузашта низ, афкор умумии ҷаҳон бори дигар назорагари иқдомоти амниятзудоии ин режим дар Афғонистон буда, ки шаклгирии мавҷи ҷадиде аз паноҳандагон дар миёни тоифаҳои мухталифи ҷамъияти афғонҳо аз пирону ҷавон ва кӯдак, гушае аз осори шуми ҳузӯри ду даҳҳаи режими Амрико дар Афғонистон аст.

Амрико дар давраи раёсати ҷумҳӯрии Ҷорҷ Буш пас аз ҳамалоти 11 сентябри соли 2001 ба баҳонае ба истилоҳ муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм ва сарнагун кардани ҳукумати Толибон, ки онро муттаҳам ба ҳамдасти бо Алқоъида карда буд ба Афғонитонро ҳамла ва онро ишғол кард. Дар авҷи ин ишғол дар соли 2011 ҳатто шумори  нерӯҳҳои амрикоӣ ва НАТО дар ин кишвар ба беш аз 140 ҳазор нафар расид. Бо ин ҳоли ҳузури нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар ин кишвари ҷангзада зарфи 20 соли гузашта ҳосиле ҷуз афзоиши ноамнӣ, фақр, тавлид ва қочоқи маводи мухадир ва густариши терроризм надоштааст.

Бо қудрат гирифтани давлати Толибон ва тавофуқи сулҳе, ки давлати Тромп бо он дар Дуҳа мунақид кард, Ҷу Бойден раиси ҷумҳӯри Амрико ба ночор ва бидуни касби ҳеч дастоварде ба ин ишғолгарӣ, ки бо нокомӣ ба муратаб бадтар аз ҷанги Витнам ҳамроҳ буд поён дод. Вай фармони хурӯҷи нерӯҳои амрикоиро то августи 2021 содир карда, ки албатта ин хурӯҷ бештар шабеҳи фарори муфтаҳизона аз Афғонистон буд. Акнун бо тасаллути Толибон бар Афғонистон, ки ҳеч кишваре онро ба расмият нашинохтааст вазъияти мардуми Афғонистон дучори вахомати фароянда шудааст. Созмони Миллал ва ниҳодҳои муртабит бо он борҳо дар бораи вазъияти фоҷеабори иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва инсонӣ дар Афғонистон ҳушдор додаанд. Мусаламан ташдиди вахомати авзоъи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Афғонистон табаъоти ҷидди барои кишварҳои ҳамсояи он монанди ташдиди мавҷи муҳоҷирон, афзоиши тавлиди қочоқи маводҳи мухадир ва низ афзоиши таҳдидоти террористиро ба ҳамро дорад.

Дар айни ҳол вазъияти ноҳанҷор ва нобасомони Афғонистон пас аз тасаллути Толибон бар қудрат ва ба даст гирифтани ҳукумати ин кишвар сабаби эҷоди мавҷи густарда ва ҷадиде аз паноҳҷӯёни афғон ба сӯйи кишварҳои ҳамсоя ба вижа Эрон шудааст. Эрон ҳамвора дар тӯли чаҳор даҳҳаи гузашта мизбони миллионҳо афғон будааст.

Вазири кишвари Эрон тасреҳ кард: Дар тӯли чаҳор даҳҳа аз умри пурбаракати низомӣ муқаддаси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба сабаби таҳавуллоти муҳими пиромуни Эрон ба хусӯс дар навори шарқӣ анбӯҳе аз атбои афғонистонӣ дар марзҳои Эрон аз тарси ҷанг ва даригириҳои мудавом ҳузӯр доранд ва дар ин муддат Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, роҳбӯрдии ҳимояте аз паноҳандагонро бидуни ҳаргӯна шиъори зиндагӣ дар дастури кор доштааст.

Бар рағми шиъорҳои Амрико дар заминаи ҳуқуқи башар ва низ кумаки мардуми Афғонистон аммо амалкарди давлати Бойден комилан бар хилофи ин амр буда ва ҳатто Вашингтон мубодират ва мусодираи ҳудуди 7 миллиард доллар аз пули Афғонистонро ба баҳонаи пардохти ғаромат ба бастагони қурбониёни терроризм намудааст. Дар ҳоле, ки Амрико худ масъули фоҷеъаи терроризм дар Афғонистон аз ҷумла ҳимояти гурӯҳҳои террористии ДОИШ  дар кишвар ба хусӯс қабл аз хурӯҷ аз Афғонистон будааст. Зимни инки Вашингтон амалан ба шиваҳои гуногӯн монеъи кӯмакрасонӣ ба мардуми ҷангзадаи Афғонистон мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар чаҳор даҳҳаи гузашта мизбони бузурги ҷомеъи паноҳҷӯёни афғон буда ва ҳатто дар даврони ҷанги таҳмили ва таҳримҳои золимонаи даҳаҳои ахир ҳам ҳозир ба қатъи ироаи хадамот ба миллионҳо  нафар аз атбои Афғонистон, ки дар Эрон машғули кор, таҳсил ва зиндагӣ ҳастанд, нашудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп