Июл 19, 2022 09:41 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони маросими «Меҳмонии даҳкилометрӣ» + акс

Маросими «Меҳмонии даҳкилометрӣ» рӯзи душанбе аз чаҳорроҳи Валии аср (аҷ) то чаҳорроҳи Порквейи Теҳрон баргузор шуд.

Рӯзи душанбеи ҳаждаҳуми зилҳаҷҷаи соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 18 июли 2022 рӯзи иди саиди Ғадири Хум, иди бузурги мусулмонон аст.

Ғадири Хум номи минтақае байни Макка ва Мадина аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари гиромии Ислом дар ҳаҷҷулвидоъ имом Алӣ (а) -ро валии пас аз худ эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, хейли азиме аз муҳиббони аҳли байт (а) бо ҳузур дар хиёбонҳо дар ин рӯзи бузург ба ҷашну сурур пардохтанд.

Дар ин маросими ҳамагонӣ, шеъру суруд дар мадҳи ҳазрати Алӣ (а) қироат шуд, васоили саргармиву варзишӣ барои кӯдакону навҷавонон низ аз дигар барномаҳои ин маросими бузург буд. Аз меҳмонон бо пухти назрии анвои ғизоҳову пахши ширинӣ, шоколоту шарбат пазироӣ шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп