Июл 27, 2022 18:28 Asia/Dushanbe

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба аиммаи ҷумъа гуфтанд: Адолат бидуни кумаку расидагӣ ба табақаи мустазъафу маҳрум маъно надорад, агар битавонед кумакеро барои табақоти маҳрум дар он маҷмуаи худатон фароҳам кунед, ҷузви беҳтарин корҳост.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори аиммаи ҷумъаи саросари кишвар, намози ҷумъаро дар силсилаи қудрати нарми низоми исломӣ ҳалқае бисёр муҳиму фаризае истисноӣ хонданд ва таъкид карданд: Имоми ҷумъа сухангӯи инқилоби исломӣ аст ва яке аз вазоифи асосии ӯ бозтавлиди мафоҳими маърифатӣ ва мабонии инқилобӣ ва посухгуӣ ба шубаҳот бо забони рӯзу табйини мустадали онҳову рафтори падарона бо ҳама аст.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар ибтидои суханони худ ба баёни аҳамияти ҷойгоҳи намоз ҷумъа пардохтанд ва бо ишора ба ҷойгоҳи истисноии он дар миёни фароизи динӣ гуфтанд: «Пайванди миёни тавваҷуҳ ба Худо ва ҳузуру иҷтимои мардумӣ», «зикру ёди Худо ба сурати дастаҷамъӣ ва нузули баракоти он бар ҷамъ», «истимрори бидуни таваққуфи намози ҷумъа дар ҳар ҳафта», «пойгоҳе муҳим барои тарҳи масоили мухталифи ҷомеъа аъам аз масоили фикрӣ, хадамоти иҷтимоӣ, ҳамкориҳои умумӣ ва омодагиҳову басиҷи низомӣ» ва «омехтани маънавият бо сиёсат» аз муҳимтарин вижагиҳои намози ҷумъа аст, ки онро табдил ба зарфияти азиму фурсати фавқулода кардааст.

Раҳбари инқилоб дар идома ба масоиле, ки дар рӯзҳои ахир дар бораи мавзуи зану ҳиҷоб матраҳ аст, ишора карданд ва гуфтанд: Ин мавзуот аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ ҳамвора матраҳ будааст ва ахиран ҳам бори дигар ба баҳонаи ҳиҷоб ҳамон талошҳои ноком дар ҳоли такрор аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Чанд сол қабл дар ҷаласае аз ман суол шуд, ки дар мавзуи зан дар муқобили Ғарб чӣ дифое доред, ки ман гуфтам: «дифоъ надорам, ҳамла дорам. Онҳо ки занро табдил ба коло кардаанд, бояд дифоъ кунанд ва посух диҳанд».

Дар ибтидои ин дидор ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷиали Акбарӣ, раиси Шурои сиёсатгузории аиммаи ҷумъа бо ишора ба баргузории фаризаи намози ҷумъа дар 900 пойгоҳ дар саросари кишвар гузорише аз рӯйкардҳо, барномаҳо ва фаъолиятҳои нозир ба афзоиши кайфияти намозҳои ҷумъа баён кард.

 

Барчасп