Сентябр 22, 2022 21:24 Asia/Dushanbe
  • Стандартҳои дугонаи ғарб дар мувоҷеҳа бо ҳуқуқи башар бузургтарин мисдоқи нақзи ҳуқуқи баша аст
    Стандартҳои дугонаи ғарб дар мувоҷеҳа бо ҳуқуқи башар бузургтарин мисдоқи нақзи ҳуқуқи баша аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раиси Ҷумҳурии Фенландия бо интиқод аз стандартҳои дугонаи ғарб дар мувоҷеҳа бо ҳуқуқи башар таъкид кард: Стандартҳои дугонаи, худ бузургтарин ва ҷиддитарин мисдоқҳои нақзи ҳуқуқи башар аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи баргузории маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо Саули Ниинистё, раиси Ҷумҳурии Фенландия дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасони раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ дар севвумин рӯз аз сафари худ ба Ню-Йорк дар дидор бо раиси Ҷумҳурии Фенландия бо дустона ва ру ба густариши тавсиф кардан равобити Теҳрон-Хелесинки гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба зарфиятиҳои мутанавеъи мавҷуд дар Эрон ва Фенландия таъомулоти ду кишвар метавонад ба сатҳи болотар иртиқо ёбад.

Раиси ҷумҳур афзуд: Мақсади Ҷумҳурии Исломии Эрон бар густариши ҳамкори ва иртиқоъи сатҳи равобит бо ҳамаи кишварҳои дуст аз ҷумла Фенландия аст.

Раисӣ дар баёни мантиқи Ҷумҳурии Исломӣ дар мавзуъи ҳастаӣ низ гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба собиқаи нақзи аҳди Амрико ва кишварҳои аврупоӣ тарафи тавофуқи ҳастаӣ имрӯз ҳеҷ кас дар ҷаҳон наметавонад иддао кунад, ки мавзеъи Эрон дар ахзи тазминҳо қобили эътимод барои нақз нашудани аҳди дубораи кишварҳои ғарби ғайри мантиқи аст.

Раиси ҷумҳур бо золимона ва ғайриқонуни тавсеф кардани таҳримҳои Амрико зидди Эрон бо вуҷуди нақзаҳдии амрикоиҳо хотирнишон кард: Таҳрим идомаи ҳамон сиёсати ҳамлаи низоми ба қасди таҳмили хоста ва назари кишварҳои султаталаб ва зиёдахоҳ ба кишварҳои мустақил аст, ки дар шакли ҷадид дунбол мешавад, аммо таҳримҳо натавонист Ҷумҳурии Исломии Эронро мутавақиф кунад.

Раиси Ҷумҳурии Фенландия низ дар ин дидор гуфт: Фенландия ва Эрон равобити хуби бо якдигар доранд ва равобити дуҷонибаи онҳо дустона ва дар ҳоли густариш аст.