Октябр 21, 2019 18:24 Asia/Dushanbe
  • Корея ва Осиёи Марказӣ: Кореитаборҳо ақаллияте бо бештарин мазият

Бар асоси оморҳои расмӣ ҳудуди ним миллион кореитабор дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд. Собиқаи ҳузури онон дар ин минтақа ба даҳаи 1930 бармегардад.

Кореяи Ҷанубӣ тайи солҳои ахир талош карда то ба яке аз бозигарони таъсиргузор дар минтақа табдил шавад. Иқтисод ва қудрати қобили таваҷҷуҳи сармоягузорӣ аслитарин абзори Сеул дар ин росто будааст.

Ба гузориши “Форс”, бо ин ҳол намудҳои нармафзори қудрати нарми Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ин замина камтар ба он таваҷҷуҳ шудааст, ақаллиятҳои кореитабор дар ин кишварҳо мебошад. Дар чорчӯби ин муаллафаҳои сахтафзорӣ ва нармафзорӣ, Кореяи Ҷанубӣ тавониста формати равобити худ бар асоси идея 5+1 – ро дар минтақа шакл диҳад.

Ин чорчӯби сиёсӣ ва дипломатӣ ба унвони тасҳилгари муносиботи дуҷониба ва чандҷонибаи Сеул бо Осиёи Марказӣ амал карда ва Узбакистон бозигари меҳварӣ ва калидии он ба шумор меравад. Дар канори ин мавзуъ, аз соли 2014 Кореяи Ҷанубӣ бо сиёсатҳои авруосиёӣ ва пайгирии масоили Кореяи Шимолӣ талош карда то барномаҳои баландмуддат ва баландпарвозонаеро нисбат ба ин минтақа ироа диҳад.

Манофеи Кореяи Ҷанубӣ низ умдатан дар чорчӯби ин барномаҳо пайгирӣ мешудааст, ки ибтидо дар қолаби “ибтикори авруосиёӣ”-и хонум Парк Гунҳе ироа шуд ва сипас бо рӯйи кор омадани Мун Ҷоа Ин барнома дар қолаби “сиёсати ҷадиди шимолӣ” ироа шуд.

 

Барчасп

Назарҳо