Октябр 22, 2019 19:05 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии мардум аз тахриби биноҳои қадимии шаҳри Душанбе

Тахриби биноҳои қадимӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо ҳадафи зебосозии намои ин шаҳр ва бурҷсозӣ сурат мегирад, бо эътирози шаҳрвандон ва муаррихон рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, бархе аз сокинони ин шаҳр ва муаррихону кишваршиносон мухолифи тахриби биноҳои қадимӣ дар Душанбе ҳастанд ва бар ин боваранд, ки теъдоди ин биноҳои қадимӣ, ки нишондиҳандаи таърихи ин кишвар аст, ба шиддат коҳиш ёфтааст ва ба ҳудуди 30 бино мерасад.

Ба гуфтаи яке аз муаррихони тоҷик, тамоми шаҳрҳо аз атроф густариш ва тавсеа меёбанд, аммо тавсеаи пойтахти Тоҷикистон аз даруни шаҳр оғоз шудааст ва дар воқеъ, Душанбе “худро мехӯрад” ва нобуд мекунад.

Image Caption

 

Шодӣ Шабдолов, раиси собиқи Ҳизби коммунистӣ ва узви пешини Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пештар гуфта буд, иқдоми шаҳрдорӣ дар тахриби биноҳои қадимии ин шаҳр ба манзури бурҷсозӣ беэҳтиромӣ ба таърихи гузаштаи Тоҷикистон аст. Шодӣ Шабдолов афзуд, бештари биноҳои таърихии шаҳри Душанбе, бахусус дар хиёбони Рӯдакӣ  дорои тарҳҳои зебо ҳастанд ва ҳар кадом аз онҳо қидмате беш аз 80 сол дорад ва шаҳрдорӣ бояд аз тахриби ин биноҳо даст бикашад. Ин дар ҳолест, мақомоти шаҳри Душанбе бар ин ақидаанд, ки танҳо 10 биноро дар ин шаҳр метавон ба унвони биноҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҳифз кард ва умри боқии биноҳо, ба назари онҳо, ба итмом расидааст.

Шаҳрдории Душанбе пеш аз ин эълом карда буд, биноҳои маскунӣ ва тиҷории қадимиро ба хотири фарсудагӣ ва ноамн будан ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба зебоии шаҳр ва бо ҳадафи бурҷсозӣ тахриб мекунад.

 

Барчасп

Назарҳо