Ноябр 26, 2019 21:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби сармояи қазоқистониҳо дар амлоки Туркия

Ҳамзамон бо сармоягузориҳои Туркия дар Қазоқистон омори ҷадиде ҳокӣ аз интиқоли маъкуси сармоя аз Қазоқистон ба Туркия ва афзоиши хариди амлок дар ин кишвар аз сӯйи шаҳрвандони Қазоқистон аст.

Ба гузориши ИРНА, шаҳрвандони Қазоқистон дар моҳҳои январ то октябр 581 бино ва мулк дар Туркия харидаанд, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 146 мавриди афзоишро нишон медиҳад. Созмони сабти асноди Туркия эълом кард, дар октябри имсол 4 ҳазору 272 мулк дар Туркия ба атбои кишварҳои хориҷӣ фурӯхта шуда, ки нисбат ба моҳи октябри соли гузашта 31.9 дарсад коҳиш доштааст.

Кишвари 18-миллионии Қазоқистон бузургтарин иқтисоди Осиёи Марказиро дорад ва муовини нахуствазири ин кишвар ба тозагӣ эълом кардааст, ки Қазоқистон аз замони истиқлол то кунун дар маҷмӯъ 330 миллиард доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ аз беш аз 120 кишвари ҷаҳон ҷазб кардааст. Жениш Қосимбек эълом карда, ки бештарин мизони сармоягузорӣ дар ҳадди беш аз 50 дарсад аз Иттиҳоди Аврупо ва 15 дарсад низ аз Амрико ҷазб шудааст.

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ҷазби сармоягузории хориҷиро ба унвони яке аз авлавиятҳои ин кишвар таъйин кардааст.

 

Барчасп