Декабр 05, 2019 13:07 Asia/Dushanbe
  • Тошканд мизбони ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Узбакистон

Ройзаниҳои ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи пуштибонии иттилоотии сиёсати хориҷӣ ва кор бо расонаҳо дар Тошканд баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, ҳайати Тоҷикистон дар ин нишастро Вафо Ниятбекзода, раиси бахши иттилоот, матбуот, таҷзия ва таҳлилу барномарезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷаи ин кишвар бар ӯҳда дошт.

Тарафайн тайи ин нишаст дар мавриди масоили марбут ба пуштибонии иттилоотии сиёсати хориҷӣ, сабти номи расонаҳои хориҷӣ, кор бо афкори умумӣ ва расонаҳо ва созмондеҳии рӯйдодҳои расонаӣ табодули таҷриба карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст дар заминаи тавсеаи ҳамкории хадамоти иттилоотии ниҳодҳои иқтисоди хориҷии ду кишвар баҳсу табодули назар сурат гирифт.

 

Барчасп

Назарҳо