Январ 20, 2020 17:57 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ширкати ҷадиди ҳавопаймоии «Ҳумо Эйр» дар Узбакистон

Ба дастури раисиҷумҳури Узбакистон ширкати ҷадиди ҳавопаймоии «Ҳумо Эйр» дар ин кишвар таъсис мешавад.

Ба гузориши Форс , Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Узбакистон дар нишасти Шӯрои сиёсии Ҳизби либерал-демократ дар шаҳри Тошканд гуфт, ширкати ҷадиди ҳавопаймоии «Ҳумо эйр» дар Узбакистон таъсис хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, ин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои дохилиро анҷом хоҳад дод ва нисбат ба дигар ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ нархи билети он арзон аст.

Тибқи барнома дар таърихи 19 то 20 феврали соли ҷорӣ дар Узбакистон бузургтарин ҳамоиши ҷаҳонии ҳавопаймоӣ баргузор хоҳад шуд ва ин ширкати ҷадиди ҳавопаймоӣ дар ин ҳамоиш ба таври расмӣ, кори худро ағоз мекунад.

Ҳамакнун дар Узбакистон фақат ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» фаъолият мекунад.

 

Назарҳо