Январ 21, 2020 14:49 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ва интихоботи парлумонӣ; сенарияҳои мутаҳаммили воқеиятҳои пеши рӯ

Расонаҳои Русия аз омодагии давлати Қазоқистон барои баргузории интихоботи зӯдҳангоми парлумонӣ хабар дод.

Ба нақл аз Форс, ин ахбор ба муҳимтарин мавзӯъҳо дар фазои иттилоотии Қазоқистон табдил шуда ва мақомоти расмии қазоқ натавонистанд ба таври қонеъкуанда ин паёмро рад кунанд.

6 моҳ пеш давлат қасди баргузории интихоботи зӯдҳангомро дошт, аммо дар паи авомили мухталиф ин барнома иҷро нашуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки қудратҳои сиёсӣ барои интихобот омода мешаванд, аммо талошҳои онон ҷиддӣ нест.

Вазъияти сиёсии дохилӣ низ омодаи ин таҳаввулот нест ва дар ҳоли ҳозир ҳизби ҳоким ба раёсати пешвои миллат шансе барои пирӯзии роҳат дар интихоботро надорад.

Бидуни шароити матлуб барои пирӯзии роҳат, Нурсултон Назарбоев нахустин раиси ҷумҳури Қазоқистон иҷозаи баргузории интихоботи зӯдҳангомро нахоҳад дод.

Бо таваҷҷуҳ ба авомили зикршуда ба назар мерасад, ки интихоботи парлумонӣ дар Қазоқистон дар соли 2021 баргузор хоҳад шуд.

Ба назар мерасад як сол муддат замони кофӣ барои тақвияти ҳизби Нуротан, барқарории равобити лозим бо дигар ҳизбҳо ва ташкили эътилофҳо дар шуроҳои нав бо ҳузури қудратҳои демократики нав аст.

Баргузории интихобот дар замони худ гузинаи беҳтаре аст, ки ниҳодҳои давлатӣ бояд омода бошанд ва ҷунбишҳои мухолифон оромтар хоҳанд шуд.

Илова бар ин ҳузури ҳизбҳои демократик дар парлумони нав судҳои зиёдеро дар пай дорад.

Танҳо як сенария метавонад боиси баргузории интихоботи зӯдҳангоми парлумонӣ шавад, ки он бадтар шудани ҳоли ҷисмонии Назарбоев аст.

Агар ҳоли Назарбоев бадтар шуд интихоботи зӯдҳангом ҳадафи нахуст хоҳад шуд, аммо даргузашти нахустин раиси ҷумҳур дар шароити ҳозир мунҷар ба густариши бесуботӣ дар кишвар мешавад.

 

Назарҳо