Январ 22, 2020 11:44 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон шаҳрвандони тоҷикистониро таҳти пайгард қарор медиҳад

Дар рӯйдоде бесобиқа ва дар паи ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, мақомоти кишвари ҳамсоя 6 шаҳрванди тоҷикистониро таҳти таъқиб қарор доданд.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, Мирлан Каниметов, муовини вазири кишвари Қирғизистон дар ҷаласаи Парлумони ин кишвар дар ин бора муддаӣ шуд: Шаҳрвандони Тоҷикистон, дар марзи муштарак мазнун ба эҷоди даргирӣ бо шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд.

Вай афзуд: Ин афрод сокинони рустоҳои марзӣ ҳастанд ва мо феҳристе аз ононро таҳия ва ин масъаларо ба намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гузориш кардаем.

Ба гуфтаи муовини вазири кишвари Қирғизистон, созмонҳои қазоӣ ва амниятии Тоҷикистон таҳқиқоти ҷиноӣ дар бораи охирин даргирӣ дар марзро дар дастури кор қарор додаанд.

Пас аз ҳодисаҳои ахир дар марзи ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон, идораи пулиси Ботканд дар ҷануби Қирғизистон, чор шаҳрванди қирғизро ба гумони таҳрики даргирӣ боздошт кард.

Боздошти ин афрод бо эътирозҳое дар ҷомеаи Қирғизистон ҳамроҳ будааст.

 

 

Барчасп

Назарҳо