Январ 23, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Душвории иҷроии тафоҳумномаи муовизаи замин байни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои поён додан ба ихтилофҳои марзӣ

Коршиноси масоили Осиёи марказӣ дар Русия муътақид аст,ки иҷроии тафоҳумномаи муовизаи замин байни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои поён додан ба ихтилофҳои марзии ин ду кишвар душвор аст.

Ба нақл аз Спутник , Александр Князов бо ишора ба тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди мушахас шудани ду минтақаи ин ду кишвар дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд барои муовиза ва аломатгузории марзи муштараки ин ду ҷумҳури ,гуфт ; назари сокинони ин минтақаҳо барои иҷроии ин тафоҳумнома муҳим аст.

Ӯ гуфт ; барои иҷроии ин тафоҳумнома фақат  тавофуқи мақомоти сиёсӣ ва марзбонии ду кишвар милок нест балки бояд дидгоҳи сокинони минтақаҳои мавриди ихтилофи ду ҷумҳури ҳам  баррасӣ шавад.

Александр Князов афзуд ; қимати манзилҳои маскуни, заминҳо , амвол ва боғҳо дар ду минтақа ,ки бояд ба кишвари дигар вогузор шавад барои сокинони рӯстоҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳамияти зиёд дорад.

Вай таъкид кард минтақаҳои Орик Осто дар рӯстои Оқсой ва Самарқандӣ дар рӯстои Самарқанди ноҳияи Ботканд бо тавофуқи тарҳи Тоҷикистон муовиза мешавад ,ки ин сабаб мешавад ,ки сокинони минтақаҳои марзии ду ҷумҳури вориди хоки кишвари дигар нашаванд.

Ба гуфтаи Александр Князов тарафайн барои аломатгузории 114 киллометр аз марзи муштарак ба тавофуқ расиданд.

Назарҳо