Январ 23, 2020 16:12 Asia/Dushanbe
  • Мақоми қирғиз: Эрон як қудрати ҷиддии минтақаӣ аст

Вазири умури хориҷии Қирғизистон бо ишора ба таҳавуллоти ахир дар Ховари Миёна бар риояи қавонини байналмилалӣ таъкид кард ва гуфт, Эрон як қудрати минтақаӣ аст.

Чингиз Ҳайдарбеков, вазири умури хориҷии Қирғизистон дар дидор бо донишҷӯёни Академияи дипломатӣ бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёна бар риояи қавонини байналмилалӣ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", ӯ гуфт, дар пайи афзоиши таниш байни Эрону Амрико Қирғизистон ин ду кишварро ба истифода аз абзорҳои сулҳомез даъват мекунад ва муътақид аст, бояд ҳуқуқи байналмилалӣ ва қавонини СММ риоят шавад. Ин мақоми қирғиз гуфт, СММ муассисаи байналмилалӣ бо ҳадафи ҳалли чунин масоил дар саросари ҷаҳон аст ва ҳар гуна иқдоме бояд бо иҷозаи ин созмон бошад. Ҳайдаров гуфт, истифода аз қудрат ба таври яктарафа нақзи қавонини байналмилалӣ аст ва дар ин росто Қирғизистон бар ҳалли масоил бо истифода аз абзорҳои сулҳомез таъкид мекунад. 

Назарҳо