Феврал 09, 2020 19:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории иқтисодӣ, баҳонаи Ғарб барои нуфӯз дар Осиёи Марказӣ

Чаҳорумин нишасти баррасии масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Нур-Султон, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ки ба раёсати "Аскар Мамин, нахуствазири Қазоқистон баргузор шуд, сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳузур доштанд.

Иттиҳоди Аврупо тайи ду даҳаи гузашта, даҳҳо нишасти муштараки ҳамкорӣ бо мақомҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ба сурат инфиродӣ бо ҳар як аз кишварҳои ин ҳавза баргузор кардааст, аммо ба назар мерасад Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои вобаста ба ин иттиҳодия ҳамагӣ ба манзури нуфӯзи ҳарчӣ бештар дар ҷумҳуриҳои вобаста ба Блоки шарқи собиқ, бавижа кишварҳои Осиёи Марказӣ талоши музоаферо дар дастури кор қарор додаанд. Мақомҳои аврупоӣ бо мавзӯоте, назири сармоягузорӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кумак ба иқтисоди ин кишварҳо, заминаҳои вуруди ниҳодҳои вобаста ба Ғарбро ба кишварҳои ин ҳавза фароҳам мекунанд. Аммо дар идомаи ин раванд, давлатҳои ғарбӣ зимни вобастагӣ, бо мавзӯоте назири ҳуқуқи башар, озодии баён ва расонаҳо, дар пеш гирифтани сабки зиндагии ғарбӣ ва мавориди мушобеҳ, дар амал хостаҳои худро дар ин кишварҳо муҳаққақ месозанд.

Иттиҳоди Аврупо аз соли 2007, ба сурати ҷиддӣ барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, барномаҳои баландмуддатеро тадвин ва иҷро кардааст. Тадвин ва иҷрои ин барномаҳо нишон медиҳад, ки ин иттиҳодия, зимни густариши ҳузур дар минтақа, дар амал мавқеияти худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони як бозигари байналмилалии муассир бар сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам мекунад. Federica Mogherini, соҳибназари сиёсӣ ва аз мақомоти собиқи сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар моҳи майи гузашта дар ин замина гуфта буд, Осиёи Марказӣ ҳамвора ба далели пешинаи таърихӣ, фарҳангӣ ва нақше, ки ин минтақа дар иртибот миёни Шарқ ва Ғарб ифо мекунад, як минтақаи калидӣ ва муҳим буда аст.

Ба манзури таҳаққуқи ин ҳадаф, Иттиҳоди Аврупо ба таври хосс бар аҳаммияти гуфтугӯ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳуқуқи башар таъкид мекунад ва онро бахше аз"маъмурияти худ дар заминаи аврупоисозии минтақа" эълом мекунад. Мақомҳои аврупоӣ дар гуфтугӯ бо мақомҳои Осиёи Марказӣ, аз барномаҳое, ки бо ҳадафи ислоҳи системаҳои қонунӣ ва қазоии ин кишварҳо бар асоси модели Иттиҳоди Аврупо тарроҳӣ шудаанд, сухан ба миён меоваранд. Барномаҳои муртабит бо "ҷомеаи маданӣ" , "ибтикори аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи башар" аз абзорҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин замина маҳсуб мешаванд. Муруре бар мавозеи давлатҳои ғарбӣ ин ҳақиқатро исбот мекунад, ки раҳбарони Иттиҳодия Аврупо, кишварҳои Осиёи Марказиро умдатан" ба унвони дарёфткунандаи кумакҳои инсондӯстона ва молӣ тасаввур мекунанд. Ба ҳамин далел, кишварҳои Осиёи Марказӣ, натанҳо бояд манофеи Иттиҳоди Аврупоро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд, балкӣ бояд онҳоро ба таври комил муҳаққақ намоянд. Дар муқобили хостаҳои фазояндаи давлатҳои ғарбӣ, давлатҳои Осиёи Марказӣ назири Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупоро ба унвони кишварҳои муттасил ба Аврупо ва Осиё дарназар мегиранд. Раҳбарони Осиёи Марказӣ, хостори сармоягузории Ғарб дар кишварҳои худ ҳастанд ва ба назар мерасад ба ҳамин далел, ба баргузории нишастҳои муштарак бо ниҳодҳои ғарбӣ ва гуфтугӯ дар заминаҳои мавриди назари Ғарб тан медиҳанд. Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, нишастҳои муштараки Аврупо бо кишварҳое назири Қазоқистон натанҳо ба ҳалли мушкилоти ин кишварҳо мунҷар намешавад, балкӣ бар мушкилоти онҳо меафзояд. Дар ин замина бисёре аз маҳофили сиёсии минтақа, танишҳои ҷорӣ дар Қазоқистонро ношӣ аз ҳамкориҳои давлати Нур-Султон бо ниҳодҳои ғарбӣ медонанд.

 

Назарҳо