Феврал 11, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Посдошти донишомӯзони қуръонӣ дар Ҷашни Инқилоби Исломӣ дар Бишкек

Баргузидагони мусобиқоти Қуръони карим, вижаи Даҳаи фаҷр дар Муҷтамаи омӯзишии Имом Хумайнӣ (раҳ.)-и Бишкек, пойтахти Қирғизистон таҷлил шуданд.

Ин мусобиқот аз сӯйи Ройзании фарҳангии Эрон дар Бишкек баргузор шуд ва вижаи донишомӯзони мақтаи ибтидоии Муҷтамаи омӯзишии Имом Хумайнӣ буд. Ин мусобиқот думарҳалаӣ аст, ки дар марҳалаи нахусти он 30 нафар ширкат карданд ва дар поён нафарони бартари ин марҳала муаррифӣ ва дар Ҷашни чиҳилу якумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ таҷлил шуданд.

Ин маросим дар Муҷтамаи омӯзишии Имом Хумайнии Бишкек баргузор шуд ва дар он Саиди Харрозӣ, сафири Эрон дар Қирғизистон, Парвизи Қосимӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Бишкек, коркунони сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, аъзои Анҷумани авлиё ва мураббиён, муаллимони мадраса, донишомӯзони муҷтамаъ ҳузур доштанд. Харрозӣ дар суханронияш бар лузуми посдошт ва шукргузории неъмати Инқилоби Исломӣ ва дастовардҳои он, эҷоди адолати омӯзишӣ ва нақши инқилоб дар рушди Эрон таъкид кард.

 

Назарҳо