Феврал 12, 2020 18:34 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкории Узбакистон ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ

Мақомоти Узбакистон ва Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳонс Клуге, мудири минтақаи Аврупои Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ рӯзи сешанбе дар сафар ба Узбакистон як тавофуқи дусолаи ҳамкорӣ бо вазорати беҳдошти ин кишвар имзо кард.

Вазорати беҳдошти Узбакистон эълом кард, ки ин санад пояи амалӣ барои ҳамкории ду тараф аст ва ин тавофуқнома аз тариқи ройзаниҳои мудовим байни мақомоти беҳдоштии Узбакистон ва дабирхонаи дафтари минтақаии Аврупои Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Ҳарчанд ҷузъиёте аз тавофуқи ҳамкории Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ бо кишвари Узбакистон мунташир нашудааст, аммо ҳамзамонии ин иқдом бо нигарониҳо аз густариши вируси Корона шоёни таваҷҷуҳ аст.

 

 

Назарҳо