Феврал 16, 2020 15:03 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико барои интиқоли зерсохтҳои низомиаш ба Осиёи Марказӣ

Коршиноси Маркази мутолиоти байналмиллалии Русия гуфт, Амрико ҳамзамон хуруҷи низомиёни худ аз Афғонистон ва музокира барои интиқоли зерсохтҳои низомиаш ба Осиёи Марказиро дунбол мекунад.

Ба нақл аз Форс, Андрей Казансиев- коршиноси Анституи мутолиоти байналмиллалии Донишгоҳи давлатии равобити байналмиллали Маскав бо ишора ба роҳбурди нави Амрико дар Осиёи Марказӣ афзуд, роҳбурди нави Амрико дар Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо барномаи қаблӣ тафовути чандоне надорад ва Вашингтон боз ҳам ҳамон ҳадафҳои пешро дунбол мекунад.

Вай таъкид кард, рақобат бо Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ барои Амрико кори осоне нахоҳад буд.

Ин коршиноси рус тасреҳ кард, дар 5 соли гузашта Амрико машғули ҳалли ихтилофот дар Украина буд ва ба ин далел таваҷҷуҳи лозимро ба Осиёи Марказӣ надошт, аммо имрӯз вазъияти байналмиллалӣ тағйир карда ва нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати абарқудратҳо пуррангтар шудааст.

Казансиев афзуд, Амрико ҳамчунин қасд дорад бо Чин ва Русия дар Осиёи Марказӣ мубориза кунад ва ихтилофот байни Вашингтон ва Пекин бар вазъияти дохилии минтақа таъсироти ҷиддӣ хоҳад гузошт.

Ба гуфтаи ин коршиноси сиёсӣ, Чин барои ҳифзи нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ омодагии ҷиддӣ дорад дар ҳоле, ки Русия бештар машғули ҳалли мушкилоти худ дар Аврупо аз ҷумла Украина аст.

Барчасп

Назарҳо