Феврал 26, 2020 15:08 Asia/Dushanbe
  • Умедвории сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ

Сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Қирғизистон умедвор аст, ки ихтилофоти ин ду кишвари ҳамсоя бар сари аломатгузории марзҳои муштарак дар ояндаи наздик ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи қирғизистонии Turmush, Назир Муҳаммадализода дар дидор бо Алишер Абдураҳмонов, раиси вилояти Ботканди Қирғизистон гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон тамоми талоши худро барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ва омодасозии созишномаи ниҳоии аломатгузории марзҳои муштараки ин ду кишвари ҳамсоя ба харҷ хоҳад дод.

Вай таъкид кардааст, ки ба унвони сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистон саъй хоҳад кард, ки аз ҳар навъ бурӯзи даргирӣ ва танишҳо миёни соконини манотиқи марзии мавриди ихтилофи ду кишвар дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Алишер Абдураҳмонов, раиси вилояти Ботканд низ дар ин дидор бо орзуи муваффақият ба сафири ҷадиди Тоҷикистон, аз қирғизҳо ва тоҷикҳо ба унвони ду мардуми дӯст ва бародар ёд кардааст, ки мусалмон мебошанд ва аз як рӯдхона об мехӯранд, аз як роҳ истифода мекунанд ва бозори муштарак доранд.

 

Барчасп

Назарҳо