Март 25, 2020 19:49 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти нахуствазирони ҷомиъаи Ҳамсуд дар замони таъин шуда

Нишасти нахуст вазирони ҷомиъаи кишварҳои мустақили Ҳамсуд дар таърихи таъиншуда баргузор мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Сергей Лебедов раиси Кумитаи иҷроии ҷомиъаи кишварҳои мустақили Ҳамсуд гуфт ; нишасти нахуствазирон тибқи барнома 29 моҳи май дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд ва то кунун тасмиме бар таъхири ин нишаст гирифта нашудааст.

Лебедев афзуд ; ҳамчунин Кумитаи иҷроӣ ва дигар сохторҳои ҳамсуд ба тамҳидоти худ барои баргузории ин маросим идома хоҳанд дод.

Ҷомиъаи кишварҳои мустақили Ҳамсуд шомили Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Малдавия, Руссия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Гурузия, Украина аст.

Пеш аз 70 дар сад будҷаи Ҷомеаи муштараки алманофеъро Руссия пардохт мекунад.

Барчасп

Назарҳо