Март 25, 2020 21:32 Asia/Dushanbe
  • Корона қавонини ҳамлу нақли борро дар Туркманистон тағир дод

Давлати Туркманистон барои пешгири аз густариши вируси Корона қавонини наверо дар заминаи ҳамлу нақли бор дар ин кишвар эълон кард.

Ба нақл аз хабаргузории форс, бинобар қавонини нави Созмонии ҳамл ва нақли Туркманистон аз ин ба баъд колоҳои воридоти аз гумрукҳои Гарабугаз Фороб ва бандари байналмиллалии Туркманбошӣ танҳо аз тариқи ширкатҳои ҳамлу нақли маҳалли боргири ва ҷобаҷо мешавад.

Ҳамчунин коркунони киштиҳои бории хориҷӣ пас аз интиқоли борҳо ба ширкатҳои пуштибонии Туркманистон бояд қаламрави ин кишварро тарк кунанд. 

Ин маҳдудиятҳо бо ҳадафи коҳиши тамос байн хориҷиҳо ва атбои Туркманистон дар чорчуби барномаи пешгири аз вуруди вируси Корона ба ин кишвар вазъ шудааст.

Бар асоси иттилооти ниҳодҳои давлатии Туркманистон токунун дар ин кишвар ҳеҷ мавриде аз иттило ба Корона сабт нашудааст.

 

Назарҳо