Март 26, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Эъломи маҳдудияти бештар дар Қазоқистон

Раисиҷумҳури Қазоқистон бар маҳдудиятҳои бештар барои муқобила бо коронавирус дар ин икшвар таъкид кард.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Садо ва Симо, Қосим Жормат Токаев бо таъкид бар хориҷ нашудан аз манзил, хуруҷи ҳар фард аз манзилро зиён ва фишоре бар ҷомеаи пизишкӣ донист ва гуфт: Мардум ба хусус ашхоси солхурда ва ашхоси мубтало ба бемориҳои музмин дар рӯзҳои оянда ҳаққи хуруҷ аз манзилро надоранд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон бо ишора ба идомаи омӯзиши қишри ҷавон аз тариқи телевизион гуфт: Давлат бо ихтисоси даҳ миллиард доллар шаҳрвандонро мавриди ҳимоят қарор медиҳад.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Қазоқистон, дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултон пойтахти Қазоқистон муқаррароти карантин то як моҳ иҷро хоҳад шуд.

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Қазоқистон то кунун ҳаштод нафар ба коронавирус дар ин кишвар мубтало шудаанд.

 

Барчасп

Назарҳо