Март 26, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъияти содироти бархе мавориди ғазоӣ дар Қазоқистон

Вазири тиҷорати Қазоқистон аз мамнуъияти содироти бархе маҳсулоти ғазоии ин кишвар то 15 моҳи апрел хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс,Бохит Султонов гуфт; содироти бархе маҳсулот монанди гандум,орд, шакар,себзамини ва руғани офтобгардон бо ҳадафи таъмини комили ниёзҳои мардуми Қазоқистон ба таври мувақат то 15 апрел мамнуъ мешавад.

Дар Қазоқистон ба далели шуюи вируси Корона вазъияти фавқулъода эълон шуда ва вуруд ба ду шаҳри бузурги ин кишвар - Нурсултон ва Алмаато- мамнунъ шудааст.

Бинобар эълони Вазорати беҳдошти Қазоқистон 79 мавриди мубтало ба вируси Корона дар ин кишвар сабт шудааст.

Барчасп

Назарҳо