Март 30, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 40 дарсадии қарзи Узбакистон

Қарзи хориҷии Узбакистон бо 40 дарсад афзоиш, аз 24 миллиард доллар гузашт.

Ба гузориши рӯзи душанбеи хабаргузории Форс, Бонки марказии Узбакистон дар гузорише қарзи хориҷии ин кишварро дар соли равон 24 миллиарду 400 миллион доллар эълом кард.

Бар асоси ин гузориш, қарзи хориҷии ин кишвар нисбат ба соли гузашта 40.9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бино бар гузориши Бонки марказии Узбакистон, қарзи ин кишвар дар натиҷаи ҷазби қарзҳои хориҷӣ барои барномаҳои тавсеаи иқтисодӣ афзоиш ёфтааст.

 

Назарҳо