Апрел 06, 2020 10:26 Asia/Dushanbe
  • Оғози карантини комили марокизи вилоятҳо дар Узбакистон

Бо афзоиши теъдоди мубталоён ба коронавирус дар Узбакистон, карантини комили баъзе шаҳрҳо дар ин кишвар аз имрӯз шашуми апрел оғоз мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати тандурустии Узбакистон аз афзоиши теъдоди мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 298 нафар хабар дод.

Аз имрӯз дар шаҳри Тошканд  ва марокизи вилоятҳои Узбакистон режими карантин иҷборӣ мешавад ва шаҳрвандон метавонанд фақат дар сурати доштани кори зарурӣ аз хона хориҷ шаванд.

Аз рӯзи аввали апрел низ хуруҷи афроди болои 65 сол аз хона ба далели хатари ибтило ба коронавирус дар ин кишвар мамнуъ шуда буд.

То рӯзи якшанбе дар Узбакистон 25 нафар аз коронавирус беҳбуд ёфтанд ва 2 нафар низ ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамакнун беш аз 100 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар карантин қарор доранд.

 

Назарҳо