Апрел 07, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар Қирғизистон

Шумори мубталоён ба корона дар Қирғизистон имрӯз ба 228 нафар расид, ки аз ин теъдод то кунун 4 тан ҷони худро аз даст додаанд. 

Ба гузориши ИРНА, вазири беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ки панҷ ҳазору 48 нафар дар Қирғизистон бо афроди мубтало ба корона дар тамос будаанд, ки таҳти назар қарор доранд. 
Қирғизистон ҳудуди ду ҳафта пеш зимни эъломи вазъияти изтирорӣ дар се шаҳри аслии ин кишвар, Бишкек, Ӯш ва Ҷалолобод ин шаҳрҳоро қарантина ва муқаррароти манъи омадушудро дар ин манотиқ иҷро кард. Ҳамчунин тадобири маҳаллии ҳолати изтирорӣ дар се вилояти ин кишвар эълом ва аз мардуми ин шаҳру манотиқ хоста шудааст, ки фақат барои мақосиди зарурӣ аз хонаҳои худ хориҷ шаванд. 
Ин дар ҳолест, ки имрӯз даҳумин солгарди Инқилоби мардумии апрел дар Қирғизистон аст ва барномаҳои солгарди инқилоб таҳти таъсири шуюи корона қарор гирифтааст. 
Инқилоби соли 2010, ки ба таври расмӣ Инқилоби мардумии апрел номида мешавад, дар апрели соли 2010 ба сарнагунии Қурбонбек Боқиев, раисҷумҳури асбақи ин кишвар анҷомид. Дар пайи таҳаввулоти ин инқилоб танишҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишвар байни қирғизҳо ва узбакҳо рӯй дод, ки ин хушунатҳо дар ниҳоят ба таҳкими низоми ҷадиди парлумонӣ дар Қирғизистон мунҷар шуд.
 

Барчасп

Назарҳо