Май 20, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон: Муқовимат танҳо роҳбурди дуруст дар баробари тавтеаи саҳюнистҳо

Сафири Эрон дар Қирғизистон гуфт: Танҳо роҳбурди дуруст ва воқеӣ барои муқобила бо тавтеаҳои режими саҳюнистӣ дар пеш гирифтани асли муқовимат аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Саиди Харрозӣ- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо Нуркомил Мадалиев- раиси Анҷумани мутолиот ва дифоъ аз Фаластин дар Қирғизистон ба сурати маҷозӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Харрозӣ дар ин гуфтугӯ зимни ибрози хушҳолӣ аз ин ки анҷуманҳое дар дифоъ аз Фаластин дар Қирғизистон вуҷуд дорад, таъкид кард: Ин амр нишондиҳандаи он аст, ки зарурати ҳалли одилонаи мавзӯи Фаластин дар зеҳн ва фикри ҳамаи инсонҳои бовиҷдон ва бедор ҷойи худро боз кардааст ва баъд аз зулму ситаме, ки солҳо ба фаластиниҳо раво дошта шуда ба як мутолибаи ҳамагонӣ табдил шудааст.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома баён дошт, ки ҷадидтарин тавтеа алайҳи мусулмонон тарҳи сохтагии Муомилаи қарн аст, ки бояд онро хиёнати қарн номид ва мехоҳанд бо ин тарҳи ҷадид бахшҳои бузурги дигаре аз Фаластинро ба моликият худ  дароваранд.

Харрозӣ дар поён таъкид кард, ки танҳо роҳбурди дуруст ва воқеӣ барои муқобила бо тавтеаҳои режими саҳюнистӣ дар пеш гирифтани асли муқовимат аст ва танҳо роҳи одилона барои ҳалли масъалаи Фаластин баргузории ҳамапурсии умумӣ барои ҷомеаи мусулмон, масеҳиён ва яҳудиён аст.

Мадалиев низ дар бахше аз ин гуфтугӯ баён дошт, ки дар ҳоли ҳозир муҳимтарин масъалаи ҷаҳони ислом баҳси Фаластин аст. Аммо дар ҳоли ҳозир ба ин мавзӯъ мушкили аслии дигаре ба номи Трамп изофа шудааст. Эъломи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ тавассути раиси ҷумҳури феълии Амрико аз ҷумла хиёнатҳои бузург ба ормони Фаластин буд.

Раиси Анҷумани таҳқиқ ва дифоъ аз Фаластин дар идома баён дошт: Имрӯза суҳбатҳои зиёде дар робита бо ваҳдати ҷаҳони ислом мешавад, аммо мутаассифона дар миёни кишварҳои исломӣ ихтилофи назарҳои фаровоне вуҷуд дорад ва ҳатто бархе аз кишварҳои ҷаҳони араб дар муқобили масъалаи Фаластин сукут кардаанд.

 

Барчасп

Назарҳо