Май 23, 2020 09:47 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти пизишкони узбакистонӣ ба кишварашон

Пизишкони узбакистонӣ аз Тоҷикистон ба кишварашон бозгаштанд.

Як гурӯҳи пизишкии муташаккил аз 8 пизишки вирусшиноси узбакистонӣ, ки ба дастури раисҷумҳури кишварашон, барои кӯмак ба пизишкони тоҷик ба шаҳри Душанбе сафар карда буданд, пас аз итмоми маъмурият ба Тошканд бозгаштанд.

Ба нақл аз сомонаи pressa.tj, ин гурӯҳ дар ҳузури дуҳафтаӣ дар Тоҷикистон, илова бар ироаи мушовара ва додани омӯзиш ба пизишкони тоҷик, як бемористони саҳроӣ дар шаҳри Душанбе барои дармони беморони мубтало ба коронавирус барпо карданд.

Сайида Умарзода ва Шодихон Ҷамшедов, ду тан аз муовинони тандурустии Тҷикистон, дар дидор бо ин гурӯҳи узбакистонӣ, аз кӯмакҳои онон ба пизишкони тоҷик, барои дармони беморони мубтало ба коронавирус ташаккур карданд.

 

Назарҳо