Июн 02, 2020 18:47 Asia/Dushanbe
  • Ҷанҷоли фотеҳаи сиёсӣ бар мазори Наҷибуллоҳ

Ҳузури мушовири амнияти миллии Афғонистон бар сари мазори Раиси Ҷумҳурии пешини ин кишвар бо вокунишҳои бисёр, ҳатто аз сӯи хонаводаи Наҷибуллоҳ рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз расонаҳои Афғонистон, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти миллии Афғонистон нахустин мақоми баландпояи давлатӣ аст, ки ҳафтаи гузашта дар сафар ба вилояти Пактия бар сари мазори Муҳаммад Наҷибуллоҳ Раисҷумҳури собиқ Муҳаммад Наҷибуллоҳ Аҳмадзай ва чеҳраи ҷанҷолӣ дар таърихи муосири Афғонистон, фотеҳа хонд. 

Муҳиб пеш аз ин низ дар сафаре ба Панҷшер, аз мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд, чеҳраи шинохташудаи ҷанги Афғонистон алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии  собиқ ва Толибон дидор кард.

Вай сипас дар ҳисоби Твиттерии худ Наҷибуллоҳ ва Масъудро ду шахсияти таърихии Афғонистон номид ва навиш, ки дар гузашта, хонаводаи вай бо онҳо тафовути дидгоҳ дошта, аммо овардани сулҳи воқеӣ ба таҳаммул, мадоро ва убур аз табақабандиҳои аз пеш таъин шуда муттакӣ аст.

Ин Твити мушовири амнияти миллии Афғонистон вокунишҳои мусбат ва манфии зиёдеро дар пай дошт, ба гунае, ки шуморе ин иқдоми вайро сутуда ва онро таъйид карданд ва бархе дигар ба шиддат бо ин амалкард мухолифат кардаанд.

Дар ин миён, оилаи доктор Наҷибуллоҳ  сукути чандин соларо шикастанд ва мавқеи худро эълом карданд.

Ҳамсари доктор наҷибуллоҳ Фатона Наҷиб дар як паёми савтӣ дар вокуниш ба ин иқдоми Муҳиб ва изҳороти муртабит бо он хостори он шуд, ки қабл аз сохтани оромгоҳи Наҷибуллоҳ, "илал ва ангезаҳои қатли ӯ аз маҷрои марбута баррасӣ шуда ва ҳақоиқи маргаш дар ҳоле, ки дар дафтари Милали Муттаҳид дар кобул паноҳангдаи сиёсӣ буд, ба огоҳии мардуми пафғонистон расонда шуд."

Шабе низомиёни Толибон пас аз он, ки дар 26 сентябри соли 1996 вориди Кобул шуданд. ба дафтари Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷум бурдаю. доктор Наҷибуллоҳро аз онеҷо берун кашида ва дар наздикии кохи раёсати Ҷумҳурӣ ба ҳамроҳи бародараш генерал Аҳмадзай ба дор овехтанд.

Муҳаммад наҷибуллоҳ Аҳмадзай дар солҳо 1987 то 1992 ҳангоми пирӯзии муҷоҳидин бар ҳукумати даст нишондаи Шуравии собиқ, Раиси Ҷумҳурии Афғонистон буд.

Назарҳо