Сентябр 22, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони Ӯзбекистон нахустин бор дар таърих молики замин мешванд

Шаҳрвандони Ӯзбекистон аз аввали соли 2021 метавонанд бо пардохти ваҷҳе ба давлат, молики заминҳои ғайрикишоварзӣ шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ӯзбекистон UzA, шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки аз замони истиқлол токунун ҳамчунон аз қавонини Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар моликияти заминҳои ғайрикишоварзӣ пайравӣ мекарданд аз аввали январи соли оянда метавонанд довталабона бо пардохти ваҷҳе ба давлат, молики заминҳои ғайрикишоварзӣ, ки пештар аз давлат иҷора карда буданд, шаванд.

Маҷлиси сенои Ӯзбекистон сеюми моҳи майи соли 2019 лойиҳаеро дар мавриди хусусисозии заминҳои ғайрикишоварзии ин кишвар тасвиб кард, ки бар асоси он ҳамаи ин гуна заминҳо аз аввали январи соли 2020 дар қиболи пардохти ваҷҳи он ба давлат хусусӣ мешуданд, аммо чун дар иҷрои он аз аввали соли мелодии ҷорӣ монеъҳое вуҷуд дошт, ин қонун аз аввали соли 2021 иҷро хоҳад шуд.

Бар асоси ин қонун шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд ба сурати довталабона  барои хусусисозии заминҳои ғайрикишоварзии худ бо пардохти ваҷхи он ба давлат иқдом кунанд.

Албатта дар масуба тасреҳ шудааст, ки қонуни ҷадид шомили заминҳои қобили кишт ва низ ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ намешавад.

Токунун моликияти заминҳои кишоварзӣ ва ғайрикишоварзии Ӯзбекистон ба давлат таалуқ дошт ва на танҳо атбои бегона, балки ҳатто шаҳрвандони ин кишвар низ ҳаққи моликияти ин заминҳоро надоштанд.

Назарҳо