Сентябр 30, 2020 11:45 Asia/Dushanbe
  • Марзҳои заминии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз аввали октябр боз мешавад

Ӯзбекистон аз рӯзи аввали моҳи октябр марзҳои заминии худро барои рафту омади тоҷикон бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ боз мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, ин тасмим дар пайи баргузории ҳафтумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар шаҳри Душанбе эълом шуд .
Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо дар дасти доштани гувоҳии саломат, ки нишон медиҳад озмоиши Ковид - 19 онҳо манфӣ аст, вориди қаламрави Ӯзбакистон шаванд .
Эътибори ин гувоҳиномаи саломат  72 соат хоҳад буд .
Ҳамчунин эълом шудааст, ки дар сурати мушоҳидаи алоими бемории Ковид-19 дар афроде, ки қасди вуруд ба Ӯзбакистонро доранд, аз сафари онон  ҷилавгирӣ хоҳад шуд .
 Ӯзбакистон эълом кардааст дар гузаргоҳҳои марзӣ озмоишгоҳҳои сайёр насб карда, ки дар муддати 10 дақиқа бо пардохти ҳазинаи 20 доллар метавон озмоиши Ковид -19 дод .
Бо ин ҳол дар бораи азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳануз тасмимгирӣ нашудааст .
Гуфта мешавад, ки дар нишасти муштараки  бахшҳои хусусии ду кишвар дар Душанбе  15 созшномаи  ҳамкории ду ҷониба ба маблағи 50 миллион доллар имзо шудааст .

Барчасп

Назарҳо