Октябр 01, 2020 18:47 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Қирғизистон барои интихоботи порлумонии чаҳоруми октябр

Нахуствазири Қирғизистон омодагии марокизи райъгирии ин кишварро барои баргузории интихоботи порлумонӣ эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , Кубатбек Боронов Kubatbek Boronov нахуствазири Қирғизистон ба аъзои  аҳзоби сиёсии ширкаткунанда дар интихоботи порлумонии кишвар  мурооти рақобати  солими сиёсиро гӯшзад кард .
Вай дар ҷаласаи омодагӣ ба интихобот аз ҳизб ва гурӯҳҳои сиёсии Қирғизистони хост то иҷоза надиҳанд дар даврони ҳамагирии корона  авзоъ бесубот шавад .
Борон‌ов ҳамчунин хостор он шуд, ки ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ ба якдигар эҳтиром бигузоранд, мардумро таҳрик накунанд ва натоиҷи интихоботро бипазиранд .
Нахуствазири Қирғизистон таъкид кард ҳамаи сохторҳои раъйгирӣ барои интихобот омода ҳастанд ва дар саросари ин кишвар  ду ҳазору 474 шӯъбаи раъйгирӣ барпо шудааст .
Ҳамчунин эълом шуд бинобар  тасмими мақомоти Қирғизистон  фаъолияти омӯзишӣ дар мадрасаҳои ин кишвар  як рӯз  пас аз баргузории интихоботи порлумонӣ оғоз хоҳад шуд .
Интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи якшанбе  чаҳоруми октябри ҷорӣ баргузор хоҳад шуд .

Барчасп

Назарҳо