Октябр 22, 2020 17:06 Asia/Dushanbe
  • 
Изҳороти Гулбуддин Ҳикматёр ҳангоми сафари худ ба Покистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард
    Изҳороти Гулбуддин Ҳикматёр ҳангоми сафари худ ба Покистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард

Суханони Гулбуддини Ҳикматёр ҳангоми сафари серӯза ба Исломобод ҳангоми мулоқот бо мақомоти Покистон дар Кобул вокунишҳои шадид ба бор овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон Гулбуддин Ҳикматёр дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод, Покистонро ватани дувуми худ хонд ва иддао кард давлати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ хоҳони идомаи ҷанг дар Афғонистон аст ва тарафдори сулҳ нест.

Дар вокуниш ба ин суханони Ҳикматёр, мушовири раиси Ҷумҳурии Афғонистон Ваҳид Умар дар "равобити ҷамъиятӣ ва стратегӣ" рӯзи панҷшанбе дар посух ба изҳороти Ҳикматёр навишт: "Садои Ҳикматёр аз Исломобод кӯшиши нокоми такрори таърих ва сарнагун кардани режим дар Кобул аст."

Аҳмад Саидӣ устоди донишгоҳ ва огоҳ ба масоили сиёсии Афғонистон низ дар вокуниш ба суханони Ҳикматёр, дар сафҳаи Фейсбуки худ пурсидааст, ки агар ин музокироти Ҳикматёр дар Исломобод ба нафъи Афғонистон аст, чаро вай бо расонаҳо гуфтугӯ намекунад?

 Ин огоҳи сиёсӣ афзуд: "Вақте ки музокироти дарҳои баста баргузор мешавад, мардуми Афғонистон ҳақ доранд шак кунанд, ки ҳам Ҳикматёр ва ҳам Покистон алайҳи кишварашон дасиса мекунанд."

 

Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, мушовири аршади умури фарҳанги раёсати Ҷумҳурии Афғонистон оид ба масъалаҳои фарҳангӣ низ ба изҳороти Ҳикматёр дар Фейсбук дар матлабе бо номи "Шанси охирин" вокуниш нишон дод.

Муртазавӣ бо ишора ба ин ки Ҳикматёр дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии соли 1398 Афғонистон 100 ҳазор раъй ҳам ба даст наёвард, ба ӯ пешниҳод кард даст аз фаъолияти сиёсӣ бардорад ва ба навиштани хотироти "мунсифона"-и худ машғул шавад.

 Иддаои раиси ҳизби исломии Афғонистон дар бораи пирӯзӣ дар интихобот

Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломӣ ва яке аз фармондеҳони ҷиҳоди Афғонистон дар замони ҷанг алайҳи Иттиҳоди Шӯравии собиқ, шарики наздики Покистон дониста мешуд. Даъвати расмии ҳукумати Покистон ба ӯ, ки ҳоло мавқеи расмӣ надорад, вокунишҳои зиёдеро дар Афғонистон ба бор овард.

 

 Бештар бихонед:

Назарҳо