Ноябр 24, 2020 19:29 Asia/Dushanbe

Афзоиши шумори мубталоён ба корона дар ҷумҳурии Қазоқистон, давлати ин кишварро бар он дошт то барои муқобила бо ин вирус шаҳрҳои мухталифро ба манотиқи сурху зард тақсимбандӣ кунанд.

Дар идомаи маҳдудиятҳои коронаӣ дар Қазоқистон, ҳамаи парвозҳои вурудиву хуруҷии байналмилалӣ ба шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон мунтақил шуд ва мактабҳову донишгоҳҳо ба сурати он-лайн фаъолияти худро идома хоҳанд дод.

Охирин омори Вазорати ҳифзи саломати Қазоқистон баёнгари он аст, ки то кунун 119 ҳазору 129 нафар дар ин кишвар ба вируси корона гирифтор шудаву як ҳазору 924 нафар бар асари он ҷон бохтаанд.

 

Бештар бихонед: