Январ 11, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  • Таҳлиле бар интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон ва мудохилоти Амрико

Рӯзи якшанбе даҳуми январ ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосӣ ва интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар шароите баргузор шуд, ки бархе қудратҳои хориҷӣ бо ҳадафи нуфузи ҳарчӣ бештар дар ин кишвар, ҳамаи талоши худро ба кор гирифтаанд.

 Ин интихобот аз соъати 8 субҳи даҳуми январ дар саросари Қирғизистон оғозу то соъати 20 ба вақти маҳаллӣ идома ёфт.

 Замон баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон пас азон таъин шуд, ки Соронбой Ҷиенбеков-раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар таҳти фишори эътирозҳои густардаи мардумӣ ба натоиҷи интихоботи Маҷлиси миллӣ , саранҷом рӯзи 4 октябри соли 2020 истеъфои худро ба таври расмӣ эълом кард.

Барои ба даст овардани курсии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон 17 тан бо якдигар рақобат доштанд. Ҳамчунин ҳамзамон бо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон низ анҷом шуд.

   Эъломи натоиҷи аввалияи Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон

 Тибқи натоиҷи аввалияи Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистони Содир Ҷабборов бо касби ҳудуди 80 дарсад аз орои ширкаткунандагон ба унвони раиси ҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд . Бар асоси шумориши орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов 79 . 3 дарсад орои интихоботро аз он худ карда ва агарчи имкони тағироти ҷузъӣ дар раъйҳо вуҷуд дорад, аммо дар ҳар сурат пирӯзии Ҷабборов қатъӣ хоҳад буд.

  Дидгоҳи коршиносон дар бораи интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон

 Дар се даҳаи гузашта, ки аз истиқлоли Қирғизистон сипарӣ шуда аст, дар маҷмўъ 7 бор интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор ва як навбат низ раиси ҷумҳурии муваққат аз тариқи ҳамапурсӣ таъин шуда аст. Бархилофи давраҳои пешин аз ин давр аз интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон истиқболи чандоне нашуда аст.

 Ба ҳар ҳол бояд гуфт аз миёни номзадҳои ҳозир дар интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон бештари коршиносону расонаҳои маҳаллӣ ва расонаҳои минтақаӣ натоиҷи ин интихоботро қобили пешбинӣ медонистанд ва бар пирӯзии Содир Ҷабборов ишора мекарданд.

 Дар ин миён коршиносон беш аз ҳама ба манофеъи Амрико ишора доранд, ки сармоягузории азиме дар интихоботи Маҷлиси миллӣ ва раёсати ҷумҳурии ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ карда аст. Коршиносон дар Қирғизистон аз бархе номзадҳои вобаста ба ҷараёни ғарбгаро аз ҷумла Клара Соронқулова- раиси ҳизби сиёсии "Ислоҳот" ,Абдул Соқизбоев-раиси пешини Кумитаи амнияти миллӣ ва сухангӯи пешини раиси ҷумҳурии Қирғизистон, Равшан Ҷиенбиков-раиси пешини Кумитаи мудирияти амволи давлатӣ ва намояндаи пешини Маҷлиси миллии ин кишвар ва теъдоди дигар ном мебаранд. Дар ҳақиқат ин воқеъиятро набояд нодида гирифт, ки ин афрод, ки таҳти ҳимояти Амрико қарор доранд, дар дохили Қирғизистон аз ҳимоятҳои қабилаӣ ё минтақаӣ бархурдор нестанд, аммо пуштибонии созмонҳои ғайридавлатии Амрикоиро бо худ доранд. Нишонаи муштараки ин номзадҳо иртибот ва ҳамкории ҳамаи онҳо бо бунёди Сорос буда аст. Дар айни ҳол таҳсил дар Амрико ва анҷоми фаъолият бар асоси кумакҳои молии Амрико аз дигар муштаракоти ин даста аз номзадҳо аст.

 Дар ин иртибот Александр Книязев- коршиноси сиёсии рус муътақид аст: Сенарияи ташдиди фаъолияти Амрико дар корзори интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон таъмини пирӯзии ҳеч як аз номзадҳои мавриди назарро дар дастури кор надорад . Муҳраҳои мавриди назари Амрико, ки дар солҳои тӯлонӣ бо бахшҳои ба истилоҳ ғайридавлатии ин кишвар дар иртибот будаанд , зимни матлубтарин шароит аз шанси ба даст овардани беш аз 7-8 дарсади орои интихобкунандагон бархурдор нестанд.

 Дар ҳақиқат Амрико аз номзадҳои мавриди назари худ ба манзуре ҳимоят мекунад, то пас аз эъломи натоиҷи интихобот бо тамаркузи рӯйи онҳо битавонад таҳаррукоти эътирозиро шакл дода ва саъй дар эҷоди бесуботии дубора дар Қирғизистон кунад.

 Дар маҷмӯъ бояд гуфт Қирғизистон ба унвони як кишвар бо нишондодҳои қавмии бисёр қудратманд ба шароите назири оромиш ниёз дорад . Дар муқобил ҳар гуна буҳроне метавонад ин кишварро то муддати  тулонӣ дар вазъияти номатлуб қарор диҳад. Воқеъияте, ки Амрико дар паи ба ошуб кашондани он ва баҳрабардорӣ аз вазъияти буҳронии мавҷуд дар Қирғизистон аст.

 Бештар бихонед: