Январ 18, 2021 12:30 Asia/Dushanbe
  • Овозаи рахна шудани обанбори Қайроқуми Тоҷикистон сабаб шуд бисёре дар Узбекистон хонаҳои худро тарк кунанд
    Овозаи рахна шудани обанбори Қайроқуми Тоҷикистон сабаб шуд бисёре дар Узбекистон хонаҳои худро тарк кунанд

Мақомоти интизомии Узбекистон аз боздошти 10 нафар аз сокинони вилояти Сирдарёи ин кишвар ба иттиҳоми интишори хабари дуруғи рахна пайдо кардани обанбори Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон хабар доданд .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто , ба дунболи интишори хабаре дар бораи рахна пайдо кардани обанбори Қайроқуми Тоҷикистон , сокинони ноҳияҳои Сардоба , Мирзообод ва Оқ-Олтини вилояти Сирдарёи Узбекистон дар атрофи Тошканд аз тарси эҳтимоли ҷорӣ шудани оби ин обанбор, ба суръат аз хонаҳои хеш хориҷ шуданд ва дар роҳҳои иртиботӣ низ роҳбандони шадиде эҷод гардид.

 Аммо мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон ба таври ҳамзамон бо интишори баёнияҳои ҷудогонае ин хабарро такзиб карданду аз сокинони манотиқи ёдшуда хостанд, ки ба хонаҳои хеш баргарданд.

 Дар баёнияи мақомоти интизомии Узбакистон таъкид шуда аст : « Ин афрод бо интишори хабари беасос дар бораи тахриби обанбори нерӯгоҳи Қайроққум дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҷиби эҷоди ташвиш дар афкори умумӣ ва саргардонии сокинони ин се ноҳия шуданд ,ки шиносоӣ ва боздошт гардидаанд.»

Дар баёнияи мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон гуфта шуда аст, ки обанбори нерӯгоҳи обӣ-барқии Қайроқум фаъолияти худро бар асоси муқаррароти таъиншудаи эминии муҳити зист идома медиҳад ва ҳеч ҳодисае рух надодаву нигарониҳо аз рахна пайдо кардани обанбори он беасос аст.

Неругоҳи обӣ-барқии Қайроқум 63 сол қабл барои таъмини барқи сокинони вилояти Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи заминҳои кишоварзии Узбекистону Қазоқистон дар фаслҳои баҳору тобистон рӯи рудхонаи Сир сохта шуда аст ва дар ҳоли ҳозир бозсозии таҷҳизоти он идома дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп