Январ 25, 2021 19:57 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили таҷҳизоти низомии Қазоқистон ба тарафи тоҷик аз тариқи роҳи оҳан сурат мегирад
    Таҳвили таҷҳизоти низомии Қазоқистон ба тарафи тоҷик аз тариқи роҳи оҳан сурат мегирад

Қазоқистон ба манзури тақвияти тавони дифоии Тоҷикистон ба сурати ройгон ба ин кишвар таҷҳизоти низомӣ медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, тавофуқномаи нав байни мақомоти Душанбе ва Нурсултон дар бораи ин кумакҳои низомӣ баъд аз имзо барои тасвиб ба порлумонҳои ду кишвар ирсол хоҳад шуд.

Масъулияти иҷрои ин санад бар ӯҳдаи ниҳодҳои дифоии Тоҷикистон ва Қазоқистон аст.

Таҳвили таҷҳизоти низомиву фаннии Қазоқистон ба тарафи Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳан сурат ме‌гирад.

Тоҷикистон пеш аз ин низ дар чорчӯби тавофуқномаи байнидавлатӣ бо Қазоқистон аз 16 декабри 999 ба сурати ройгон кумаки низомиву фаннии Нурсултонро дарёфт кардаву охирин бор кумаки низомии Қазоқистон шомили муҳиммот, таҷҳизоти муҳандисиву тиббӣ ва иртиботот дар соли 2019 ба Тоҷикистон ирсол шудааст.

Қазоқистон дар байни 138 кишвари ҷаҳон аз назари қудрати низомӣ дар рутбаи 62 қарор гирифтаву буҷети дифоии ин кишвар 4 миллиард доллар баровард шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо 9 ҳазор афсару сарбоз дар ҷойгоҳи 99 ин рутбабандӣ қарор гирифтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп