Март 04, 2021 11:29 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни қирғиз дар Тоҷикистон мустақар мешаванд, то аз қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд
    Низомиёни қирғиз дар Тоҷикистон мустақар мешаванд, то аз қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд

Ҳукумати Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯзишворӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин нерӯҳо дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистони мустақар мешаванд, то аз қочоқи сӯзишворӣ ба кишвари ҳамсоя ҷилавгирӣ кунанд.

Вазифаи ин нерӯҳо назорат бар роҳҳои ғайрирасмии қочоқи сӯхт аз Қирғизистон ба марзи Тоҷикистон унвон шудааст. 

Ин дастури ҳукумати Бишкек аз рӯзи 3 март иҷроӣ шудааст. 

Коршиносон мегӯянд, қочоқчиён бензин, солярка ва ангиштро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бидуни убури марзҳои расмӣ ва боҷи гумрукӣ интиқол медиҳанд ва ба будҷаи ҳукумати Бишкек зарари калони молӣ мерасонанд.

Ин коршиносон ҳамчунин мегӯйянд дар ин маврид эҳтимоли фишори Русия ба ҳукумати Қирғизистон низ вуҷуд дорад,  зеро Бишкек ҳамасола беш аз як миллион тонна сӯзишворӣ бидуни пардохти аворизи гумрукӣ аз Русия ворид мекунад, ки содироти он ба кишвари сеюм мамнӯъ мебошад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп