Апрел 15, 2021 22:34 Asia/Dushanbe
  • Мухтори Тлеуберди - вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Армида Алисджабана- муовини дабири кули Созмони Миллали Муттаҳид ва дабири иҷроии комиссиюни иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Миллал дар Осиё ва Уқёнусия гуфтугу карданд .
    Мухтори Тлеуберди - вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Армида Алисджабана- муовини дабири кули Созмони Миллали Муттаҳид ва дабири иҷроии комиссиюни иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Миллал дар Осиё ва Уқёнусия гуфтугу карданд .

Вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон телефонӣ бо муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс, Мухтори Тлеуберди - вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Армида Алисджабана- муовини дабири кули Созмони Миллали Муттаҳид ва дабири иҷроии комиссиюни иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Миллал дар Осиё ва Уқёнусия гуфтугу карданд .

    Тарафайн вазъияти кунӯнии ҳамкории байни Қазоқистону комиссиюни мазкур ва чашмандози тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд .

    Муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар ин тамоси телефонӣ аз Тлеуберди  даъват кард то раёсати ҳафтоду ҳафтумин нишасти солонаи « ESCAP », ки болотарин органи ҳокими комиссиюни мазкӯрро астро ба ӯҳда бигирад .

  Ин иҷлос дар 26 - 29 апрели имсол дар қолабҳои мухталиф бо ҳузури сарони кишварҳо, нахуствазиру вазирони 53 кишвари қитъаи Осиё ва Уқёнусия баргузор мешавад .

    Комиссиюни иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Миллал дар Осиё ва Уқёнусия ( ESCAP ) дар моҳи марти соли 1947 таъсис шудааст . Дафтари марказии ин комиссиюн дар  Банкок  қарор дорад .

  Вазифаи ин комиссиюн кумак ба тавсеъаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Уқёнусия аз тариқи тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ  ва фароминтақаӣ аст .

 

    Бештар бихонед :