Апрел 18, 2021 14:35 Asia/Dushanbe
  • Муътаризони қирғиз мухолифи фаъолиятҳои созмонҳои ғарбӣ барои ташвиқи ҳамҷинсгароӣ ҳастанд
    Муътаризони қирғиз мухолифи фаъолиятҳои созмонҳои ғарбӣ барои ташвиқи ҳамҷинсгароӣ ҳастанд

Мардуми огоҳи Қирғизистон бори дигар алайҳи ниҳодҳои мудохилагари ғарбӣ, бавижа амрикоӣ дар кишварашон гирдиҳамоии зиддидавлатӣ баргузор карданд .

  Дар ҳамин иртибот мардуми муқими Бишкек-пойтахти Қирғизистон ду гирдиҳамоӣ алайҳи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ ва унсурҳои хориҷӣ  дар Бишкек баргузор карданд .

  Муътаризони қирғиз эълом карданд : Мухолифи фаъолиятҳои созмонҳои ғарбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ташвиқи ҳамҷинсгароӣ  ҳастанд .

  Ин нахустин бор нест, ки мардуми Қирғизистон алайҳи фаъолиятҳои ниҳодҳои ғарбӣ дар кишварашон таҷаммуъ баргузор мекунанд . Дар соли 2019 низ шумори зиёде  аз мардуми Қирғизистон дар эътироз ба намойишгоҳе дар Бишкек, ки пайкари урёни занону мардонро ба баҳонаи озодии баён дар маърази диди ҳамагон қарор медод, тазоҳурот баргузор карданд .

    Дар соли 2019  муътаризони қирғиз муваффақ шуданд намоишгоҳҳои амрикоиро, ки мухолифи ҳиҷоби бонувони Қирғизистон буд, таътил кунанд . Ин ҳақиқатро наметавон нодида гирифт, ки фарҳанги мардуми мусулмони ҷумҳӯриҳои Осиёи марказӣ, бавижа Қирғизистон бисёр ғанитар аз таблиғоти расонаҳо ва ниҳодҳои ғарбӣ аст . Ба ҳамин далел аз эҳтимол дур аст, ки фарҳанги мардуми Қирғизистон  дар баробари ҳуҷумҳои бегонагон таслим шавад ва шикастро бипазирад . Пеш аз ин ҳамчунин ниҳодҳои ғарбӣ бо мудохила дар умӯри дохилии Қирғизистон талош кардаанд, то бо эҷоди фишор бар ниҳодҳои давлатӣ, ибтикори амал дар интихоботи ин кишвари Осиёи марказиро дар ихтиёр бигиранд.

    Ба ҳамин далел бисёре аз сиёсатмадорону соҳибназарони сиёсии Қирғизистон, ҳатто мақомҳои давлати Бишкек ба ифшои нақшу талошҳои дипломатҳои амрикоӣ барои дахолат дар умӯри дохилии ин кишвар пардохтаанд .

  Танҳо ба унвони як намуна метавон ба изҳороти раиси Маркази пайгирии раванди интихоботи Маҷлиси миллии Қирғизистон ишора кард .   Дар ҳамин иртибот Турсунбек Охун- мудири Маркази таҳлилии " Кличики жол " - Маркази пайгирии раванди интихоботи Маҷлиси миллии Қирғизистон гуфтааст : " Иқдомоти бархе ниҳодҳои амрикоӣ ва ғарбӣ дар интихоботи Маҷлиси миллии ин кишвар  мудохилаҷӯёна ва поймолкунандаи Қонуни асосии Қирғизистон аст " .

Ин сиёсатмадори қирғиз ҳамчунин таъкид  кард : " Бархе созмонҳои ғарбӣ ва амрикоӣ дар умӯри дохилии Қирғизистон мудохила мекунанд " .  Пеш аз ин низ бархе расонаҳои Қирғизистон бо ифшои бархе фаъолиятҳои ғайриқонунии дипломатҳои амрикоӣ дар Бишкек аз нақши ин кишвар дар умӯри аҳзоб ва фаъолиятҳои сиёсии Қирғизистон парда бардоштанд .

  Аз ҷумла дар соли 2016 давлати Амрико бо ирсоли пули нақд аз роҳҳои ғайриқонӯнӣ  даҳҳо миллион доллар ба манзури кумак ба аҳзоби мухолифи давлати Бишкек сарф кардааст .

 Ба ҳар ҳол бояд гуфт  дар ҳоли ҳозир низ эътирозҳои мардумӣ дар Қирғизистон ба бархе ниҳодҳои ғарбӣ ва байналмилалӣ аст, ки талош мекунанд издивоҷи ҳамҷинсгароёнро дар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Қирғизистон ошкор созанд . Дар ин миён як нуктаи қобили андеша  таблиғоти бархе ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба Созмони Миллал дар заминаи фарҳанги бараҳнагӣ ва ҳамҷинсгароӣ аст, ки талош мекунанд мардуми мусулмони ҷумҳӯрии Қирғизистонро бероҳа кунанд .

   Дар ҷараёни таҷаммуъи мардуми Қирғизистон ҳамин мавзӯи ҳамҷинсгароӣ тавассути созмонҳои байналмиллалӣ назири Ожонси тавсеъаи байналмиллалии Амрико ( USAID ) ва Сандуқи кӯдакони Миллали Муттаҳид ( Юнисеф ) сурат гирифтааст .

   Ин ниҳодҳои байналмилалӣ ва амрикоӣ брошюраҳоеро дар мавриди издивоҷи ҳамҷинсагроён дар мактабҳои Қирғизистон таблиғ ва тақсим кардаанд .

Тазоҳуркунандагони Қирғизистон хостори тасвиби қонӯни хосе дар мавриди омилҳои хориҷӣ ва ихроҷи фаъолони ғарбӣ ва масъӯлони вобаста бо онҳо дар кишварашон шуданд .

    Дар як ҷамъбандии куллӣ аз нақши мудохилаҷӯёнаи давлатҳои ғарбӣ, бавижа Амрико дар Қирғизистон бояд гуфт: Ниҳодҳои ғарбӣ талош мекунанд бо дар ихтиёр гирифтани ибтикори амал натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси миллӣ ва раёсати ҷумҳӯрии Қирғизистонро дар ихтиёр бигиранд .

  Чунин ба назар мерасад, ки нерӯҳои вобаста ба ҷараёни ҳамгароӣ бо Ғарб  бо вуҷуди талошҳо ва ҳимоятҳои бегонагон  то кунун муваффақ ба амалисозии ин ҳадаф нашудаанд .

 

    Бештар бихонед :

 

 

Барчасп