Май 05, 2021 09:11 Asia/Dushanbe
  • Сел 3 майи соли 2021 дар 5 вилояти Афғонистон талафоти молӣ ва инсонӣ ба бор овардааст
    Сел 3 майи соли 2021 дар 5 вилояти Афғонистон талафоти молӣ ва инсонӣ ба бор овардааст

Сухангӯи вилояти Ҳироти Афғонистон аз афзоиши талафоти сел дар ду шаҳристони ин вилоят хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷилонӣ Фарҳод  асри сешанбе эълом кард, ки 12 нафар дар шаҳристони Адраскан Adraskan ва 12 тани дигар дар шаҳристони Авба дар вилояти Ҳирот бар асари селоб  ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи вай хонаҳои зиёде низ дар ин ду шаҳристон  вайрон ва домҳои зиёде низ талаф шудааст. 

Баррасии мизони хисоратҳои сел дар вилояти Ҳирот оғоз шудааст. 

Сухангӯи вилояти Ҳирот гуфт селоб дар се шаҳристони дигари ин вилоят низ хисоратҳое ба мардум ворид кардааст. 

Раиси мубориза бо ҳаводиси табиии вилояти Ғури Афғонистон низ эълом кард, ки бар асари ҷорӣ шудани сел дар шаҳристонҳои Соғар ва шаҳраки ин вилоят  ҳафт  нафар  ҷони бохта, садҳо манзили вайрон ва садҳо дом низ талаф шудааст. 

Сел  рӯзи душанбе дар вилоятҳои Бомиён, майдони Вардак ва Саманагон низ селоб хисоратҳое ба бор овардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп