Май 09, 2021 18:07 Asia/Dushanbe

Даҳҳо донишомӯзи ҷонбохта дар инфиҷори Кобул, имрӯз дар теппаҳои ғарби ин шаҳр ба хок супурда шуданд.

 Вазорати кишвари Афғонистон  шумори талафоти инфиҷори асри дирӯз дар баробари мадрасаи «Сайид -уш Шуҳадо» дар ғарби шаҳри Кобулро беш аз панҷоҳ  нафар эълом кард, ки бештари онҳо, духтарони донишомӯз буданд, ки имрӯз дар миёни ғаму андӯҳи шаҳрвандони Кобул ба хок супурда шуданд.

Ин ҳамлаи террористӣ дар ҳоле рӯй додааст, ки кишварҳои ғарбӣ бист  сол қабл барои таъмини амният ва мубориза бо тероризм ба Афғонистон лашкаркашӣ карданд, аммо акнун дар маҳалли дафни донишомӯзони дабиристони Сайид-уш Шуҳадо хабаре аз ҷомеаи ҷаҳонӣ набуд.

Барчасп