Август 25, 2021 08:56 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Қирғизистон: То ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон фосилаи зиёде вуҷуд дорад

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфт, ки ҳанӯз ҳам дар бораи ҳалли ниҳоии ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон сухан гуфтан зуд мебошад.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Руслан Қазоқбоев гуфтааст, ки то ба ҳол талошҳои ду кишвар барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ дар бораи аломатгузории марзи муштарак бидуни натиҷа буда, дар ин маврид бояд ҳар ду ҷониб тағйири мавзеъ диҳанд.

Аз дидгоҳи вай, яке аз роҳҳои расидан ба ҳалли ин ихтилофоти марзӣ, худдории ду тараф аз бархе иддаои моликият бар манотиқи мавриди муноқиша мебошад, ки метавонад заминаи дастёбӣ ба созишномаи ниҳоии аломатгузории марзи муштарак ду кишварро фароҳам созад.

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон кумаки Русия барои ҳалли ихтилофоти марзии ин кишвар бо Тоҷикистонро низ муҳим унвон кард.

Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп