Июл 30, 2022 09:18 Asia/Dushanbe

Чаҳор нафар бар асари инфиҷори бомб дар маҳали баргузории мусобиқоти Крикет дар Кобул захмӣ шуданд

Ба гузориши Садои Хуросон, Насибхони Зардон раиси иҷроияи мусобиқот Крикети Афғонистон эълом кард, ин инфиҷор баъд аз зуҳри имрӯз ҷумъа, ки дар замини варзиши байналмиллалии крикет дар Кобул рух дод, чаҳор нафар аз тамошогарон захмӣ шуданд ва ба бозикунон ва шаҳрвандони хориҷӣ осебе нарасидааст.

Шахсе ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.

Вуқуъи инфиҷорҳои террористи дар манотиқи мухталифи Афғонистон  бар хилофи талоши давлати мувақати Толибон дар Афғонстон, ин давлат ҳанӯз натавонистааст амнияти комил ва лозимро  дар манотиқи мухталифи ин кишвар барқарор кунад.

 

Барчасп